Предлагаю услуги: ДАР ДОНИШКАДА Ё ДОНИШГОҲИ ХОРИҶӢ БЕПУЛ ТАҲСИЛ КАРДАН МЕХОҲЕД? - Заказать: ДАР ДОНИШКАДА Ё ДОНИШГОҲИ ХОРИҶӢ БЕПУЛ ТАҲСИЛ КАРДАН МЕХОҲЕД?, Худжанд - Курсы изучения языков Худжанд - 2119466

Найти
 


Объявление

ДАР ДОНИШКАДА Ё ДОНИШГОҲИ ХОРИҶӢ БЕПУЛ ТАҲСИЛ КАРДАН МЕХОҲЕД? - Курсы изучения языков

Код: 2119466 Создано: 20-11-2015 19:28

Цена: 20 сомони

Продам, предлагаю: Курсы изучения языков, Таджикистан, Худжанд

Забон донӣ, ҷаҳон донӣ! Яъне, яке аз талаботи донишкада ва донишгоҳҳои хориҷӣ - ин донистани забони англисӣ мебошад. Бинобар ин, аксари мову Шумо хуб медонем, ки дар ҳоли надонистани забонҳои хориҷӣ, роҳ ба давлатҳои хориҷӣ пӯшида аст. Одатан хоҳишмандонро барои иштирок дар озмун-имтиёзҳо (Grant-Scholarships)-и барномаҳои давлатҳои Аврупо, Осиё, Амрико, Ҳиндустон ва Австралиё, ки дар ҳолати аз озмун гузаштан бепул аст, тайёр мекунам. Масалан, хонандагони мактаб, гимназия ва литсейҳоро барои иштирок дар барномаи амрикоии FLEX, донишҷӯёнро дар барномаҳои IREX, ERASMUS MUNDUS, ITEC, DAAD ва як қатор барномаҳои аврупоӣ, амрикоӣ омода мекунам. Дар якчанд барномаҳои хориҷӣ, аз ҷумла ITEC - Ҳиндустон - курси муоширати забони англисӣ (English Spoken Course), ETM (English Teaching Method - US Embassy in Dushanbe)- барномаи Амрико, методи таълими забони англисӣ, барномаи омӯзиши методи таълим (Донишгоҳи марказии АвруОсиё) иштирок карда, соҳиби якчанд сертификату дипломҳои байналмиллалӣ ҳастам. Ҳаводоронро аз синни 9 то 45-сола аз рӯи сатҳи гуногуни дониш таълим медиҳам. Таълими забони англисӣ одатан аз рӯи китобу дастурҳои хориҷӣ сурат мегирад, масалан мувофиқи силсила-китобҳои New Headway. Дарс бо забони англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад. Сатҳи дониш: 1.Beginner 2.Elementary 3.Pre-Intermediate 4.Intermediate 5.Upper-Intermediate 6.Advanced (TOEFL test) Одатан дарсҳоро бо методҳои замонавӣ, таҷҳизот ва асбобу айёниятҳои муосир (проектор, тахтаи эелектронӣ) ба ҳайси муаллими хонагӣ (репетитор) мегузаронам. Мақсадҳои дарс: а) Reading Comprehension (Қобилияти хонда фаҳмидани матну навиштаҳои англисӣ); б) Listening Comprehension (Гӯш карда фаҳмидани сабту видеоҳои англисӣ); в) Speaking Skill (Қобилияти бо забони англисӣ гап задан); г) Writing Skills (Маҳорати эҷодӣ; қобилияти навиштани мактуб, иншо, рисолаҳои илмӣ барои таҳсил дар бакалавриатура ва магистратура); Ҳамчунин, хоҳишмандонро дар гурӯҳ ва алоҳида дарс медиҳам. Дар як гурӯҳ то 6-8 нафар хонанда иштирок мекунад ва дарсҳо дар як моҳ 12 маротиба мегузарад (нархаш 150 сомонӣ); Он нафароне, ки мехоҳанд дар алоҳида дарс гузарад, пас дар 1 моҳ 12 маротиба дарс гузаронида мешавад (нархаш 240 сомонӣ). Ё он нафароне, ки мехоҳанд ҳар дафъа, пас аз ба охир расидани дарс 20 сомонӣ пардохт кунанд. P.s. Илова бар ин, муддати таҳсил аз 3 моҳ то 1 сол давом мекунад, ҳамчунин барои ҷустуҷӯ, ёфтани барномаҳои хориҷии мувофиқи табъи дил ва тайёр кардани ҳуҷҷату супоридани онҳо, махсус дарсҳои бепул (ройгон) гузаронида, сирру асрори бомуваффақият аз озмунҳо гузаштанро бароятон пешниҳод мекунам. Суроға: ш. Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ Телефон барои тамос: 928855550

Реклама
Контактные данные
Имя: Umed
 
Фамилия: Maksudov
 
Контактный телефон: +992928855550
 
Мобильный телефон: +992928855550
 
Задать вопрос владельцу объявления
Email *
 
Повторите e-mail адрес *
 
Контактная информация
Имя:  
Фамилия:  
Контактный телефон:  
Мобильный телефон:  
Ваше сообщение будет отправлено на email адрес владельца объявления.
Ваше сообщение: *





Строительный портал ДивоСтрой Россия - divostroi.ru



Наша кнопка:
FREEADS.tj

Код кнопки

главные новости